Сӯхтор дар таҳхонаи Китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ

Субҳи 4 август дар таҳхонаи Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад.

Тавре аз маҳалли ҳодиса хабар дода мешавад, оташ чанд нуқтаи фурӯши китоб ва лавозимоти хонишро, ки дар таҳхона ҷойгир буданд, фаро гирифтааст.

Дар натиҷаи сӯхтор садҳо китоб, дафтар, ҷузвдон ва дигар ашёи хониш пурра нобуд шудаанд. Қисме аз молу маҳсулот аз оташ эмин мондаанд, вале бар асари корҳои хомӯш кардани сӯхтор тар шуда, осеб дидаанд.

Айни ҳол сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, соҳибони нуқтаҳои савдо ва сокинон ба тоза кардани ҷойи ҳодиса ва бартарафсозии паёмадҳои сӯхтор машғуланд.

То кунун мақомот сабаби сар задани сӯхторро эълон накардаанд. Ҳамчунин, дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дастрас нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *