Хисори шамоли сахт дар Душанбе (аксҳо)
Шаби Иди Қурбон шамоли сахт дар бисёр манотиқи кишвар, бахусус шаҳри Душанбе хисорот расонд.
Бар асари шамоли шадид қисме аз болопӯши хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ, овезаҳои таблиғотӣ, баннерҳо, дарахту гулу буттаҳо осеб дида, кандаву тахриб шудаанд.


Ба гуфтаи шоҳидон, дар канораи шаҳри Душанбе дарахти азимҷуссае аз реша канда шуда, болои мошини сабукрав афтодааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин, тибқи аксу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, дар натиҷаи вазиши шамоли сахт рӯйпӯши берунии бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман осеб дидааст.
Наворҳо ва аксҳои худро аз пайомадҳои шамоли шаби ид метавонед дар шарҳҳо ирсол намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ