Дар миёни боздоштшудагон барои вуруди ғайриқонунӣ ба Макка тоҷикон ҳам ҳастанд

Нерӯҳои амниятии Арабистони Саудӣ 33 шаҳрванди хориҷиро бо гумони нақзи қоидаҳои Ҳаҷ ва кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ ба шаҳри муқаддаси Макка боздошт кардаанд.

Ба иттилои расонаҳои саудӣ, дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Сенегал, Алҷазоир ва Индонезия низ ҳастанд. Гуфта мешавад, онҳо талош доштаанд тавассути роҳҳои кӯҳӣ бидуни иҷозатнома ба Макка ворид шаванд.

Шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни боздоштшудагон то ҳол маълум нест.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, айни замон дар ин маврид маълумоти расмӣ дар ихтиёр надорад.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Арабистони Саудӣ, афроде, ки ғайриқонунӣ барои адои Ҳаҷ вориди Макка мешаванд, метавонанд боздошт, ихроҷ ва то 10 сол аз ҳуқуқи вуруд ба ин кишвар маҳрум гарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *