Ҳунарманде, ки аз ятимӣ то саҳнаи шуҳрат расид (видео)
Имрӯз, 28 май Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров зодрӯз дорад. Ӯ 28 майи соли 1954 ба дунё омадааст. Ӯ дар овони кӯдакӣ аз падару модар маҳрум шуда, дар тарбияи падарбузургу модарбузургаш ба воя расидааст.
Соли 1975 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намуда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд оғоз кардааст. Аввал ҳамчун артисти кор ва баъдан ба ҳайси актёр фаъолият бурдааст. Аз соли 1978 то имрӯз дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси актёр фаъолият мекунад.
Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров дар филмҳои ҳунарии «Марди роҳ»-и Давлат Худоназаров, «Ҷосус» ва «Ал-Бухорӣ»-и Бақо Содиқ, «Марги бегуноҳ»-и Юнус Юсуфов ва «Оқибат»-и Худойдод Орифӣ нақшҳои ҷолибу мондагор офаридааст. Ҳамчунин, дар намоишҳои телевизионии «Буд-набуд», «Алифбоҷон» ва «Беғараз панд» низ ҳунарнамоӣ кардааст.
Саҳми ӯ дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Барои хизматҳои арзандааш Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2021), медали «Хидмати шоиста» (2013) ва нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2000) сарфароз гардонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ