БАОР ба Тоҷикистон $18,5 млн медиҳад 

Бонки АвруОсиёии Рушд ва Вазорати молияи Тоҷикистон созишномаро дар бораи маблағгузории сохтмони қисмати аввали роҳи Лабиҷар-Қалъаи Хумб ба имзо расониданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки АвруОсиёии Рушд хабар додааст.

Санади мазкурро Владимир Якунин, директори БАОР дар Тоҷикистон ва Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия имзо кардаанд. Тибқи созишнома, БАОР ба Тоҷикистон маблағи имтиёзнок дар ҳаҷми умумии 18,5 миллион доллар медиҳад.

Аз ин маблағ 17 миллион доллар қарз ва 1,5 миллион доллари дигар гранти мақсаднок хоҳад буд.

Маблағгузорӣ барои сохтмон ва таҷдиди қисмати 10-километраи роҳ, инчунин сохтмони се пул истифода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *