Ҷаримаи тоҷирон дар арафаиИди Қурбон
Мақомоти милитсияи Душанбе аз ҷаримаи 28 фурӯшанда хабар дод, ки дар остонаи Иди Қурбон нархи маҳсулотро гарон кардаанд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гурӯҳи корӣ дар як рӯзи баргузории санҷиш дар бозору марказҳои савдои Душанбе 28 мавриди худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти гуногуни хӯрокаро ошкор кард.



“Новобаста аз таъкидҳои пайваста, мутаассифона ҳанӯз ҳам баъзе соҳибкорон манфиатҳои шахсии худро боло гузошта, бар хилофи талаботи қонун амал менамоянд”,- таъкид мекунад манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан милитсияи Душанбе аз соҳибкорон, роҳбарони марказҳои савдо ва фурӯшандаҳои бозорҳо талаб карда буд, ки дар арафаи Иди Қурбон нархи маҳсулотро баланд накунанд. Ин ниҳод ба тоҷирон ҳушдор дода буд, ки дар акси ҳол нисбаташон чора андешида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ