Доналд Трамп: Созиш бо Эрон наздик шуд
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп изҳор доштааст, ки созиш барои поён додани низоъ бо Эрон “қариб ниҳоӣ” шудааст ва ҳоло танҳо ҷузъиёти охирини он мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳамзамон хабарҳо аз омодагии эҳтимолии Вашингтон ба ҳамлаҳои нави низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ нашр мешаванд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, ки “ҷузъиёти ниҳоии созишнома” дар ҳоли баррасӣ қарор дошта, ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз натиҷаҳои муҳими ин тавофуқ боз шудани тангаи Ҳурмуз хоҳад буд. Ин гузаргоҳи баҳрӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои интиқоли нафт ва энержӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳар гуна нооромӣ дар он метавонад ба бозори ҷаҳонии нафт таъсири ҷиддӣ расонад.
Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ин изҳоротро баъди суҳбат бо роҳбарони як қатор кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Покистон, Туркия, Миср, Урдун ва Баҳрайн нашр кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бо сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу низ телефонӣ гуфтугӯ анҷом додааст ва ин суҳбат “хеле хуб” гузаштааст.
Дар ҳоле, ки Трамп аз наздик шудани созиш сухан мегӯяд, мақомоти Теҳрон ҳанӯз ба ин изҳорот вокуниши расмӣ накардаанд. Пештар мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ эълон карда буданд, ки дар музокироте, ки бо миёнаравии Покистон сурат мегирад, пешрафтҳое ба даст омадааст.
Шабакаи амрикоии CBS рӯзи 23-юми май хабар дод, ки ҳукумати Трамп барои анҷоми даври нави ҳамлаҳо алайҳи Эрон омодагӣ мебинад. Ба навиштаи ин шабака, омодагиҳо барои ҳамла рӯзи ҷумъа сурат гирифтаанд, вале то баъд аз зуҳри ҳамон рӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашуда буд.
Ҳамзамон, рӯзномаи Wall Street Journal низ гузориш дод, ки Трамп бо мушовирони амнияти миллии худ ҷаласа баргузор кардааст. Дар ин нишаст, ба гуфтаи манбаъҳо, президент ба ин натиҷа расидааст, ки дипломатия ҳанӯз ба вақти бештар ниёз дорад, ҳарчанд интихоби низомӣ низ “ҳамчунон рӯйи миз” боқӣ мондааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки Трамп чанде пеш гуфта буд, рӯзи 19-уми май қарор буд ҳамлае алайҳи Эрон анҷом шавад, вале бо дархости сарони кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз он худдорӣ кардааст.
Дар миёни ин таҳаввулот, сафари фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир ба Теҳрон таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Хабаргузориҳои эронӣ навиштанд, ки ӯро дар фурудгоҳ вазири корҳои дохилии Эрон пешвоз гирифтааст.
Пештар расонаҳои Покистон ва Эрон хабар дода буданд, ки ин сафар бояд як рӯз пеш анҷом мешуд, вале ба таъхир афтодааст. Бархе таҳлилгарон ин сафари фармондеҳи артиши Покистонро нишонаи пешрафти музокироти миёни Теҳрон ва Вашингтон арзёбӣ мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио низ гуфтааст, ки Вашингтон бо фармондеҳи артиши Покистон дар тамоси мустақим қарор дорад ва дар музокирот баъзе пешрафтҳо ҳосил шудаанд, ҳарчанд то ҳанӯз тавофуқи ниҳоӣ ба даст наомадааст.
Покистон пас аз оташбаси рӯзи 8-уми апрел, ки ба ҷанги 40-рӯзаи Амрико ва Исроил бо Эрон поён дод, нақши миёнаравро миёни ҷонибҳо ба уҳда гирифтааст. Дар пойтахти ин кишвар аллакай як даври гуфтугӯҳои намояндагони баландпояи Теҳрон ва Вашингтон баргузор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ