Асрори коинот ва сарнавишти инсон

Ба қарибӣ китоби академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Фарҳод Раҳимӣ зери унвони «Асрори Коинот ва сарнавишти инсоният» аз чоп баромад, ки он бо мазмуну муҳтаво ва моҳияташ барои хонандагон, донишҷӯён ва олимони соҳаҳои коинотшинос, фалсафа, физика, антропология, таърих, биология ва ғайраҳо хело муфид ва арзишманд ба шумор меравад.

Муаллиф дар китоби тозанашр ба паҳлуҳои мураккабу муаммоҳои пайдоиши Коинот, сайёраву ситораҳои осмонӣ, галактикаҳо, Замину Инсон далелу фарзияҳои хело арзишманди илмиро ба хонандагон пешкаш менамояд. Бояд ёдовар гашт, ки китоб ба забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ чоп шудааст.

Муаллиф ин асарро дар 9 боб таълиф кардааст: Коинот – оғози ҳама саволҳо; Коиноти пурасрор – аз пайдоиш то имрӯз; Фазо ва вақт – чиро медонем?; Қонунятмандӣ ва бетартибӣ дар Коинот; Ҳудудҳои ношинохтаи ҳастӣ – Табиат, Коинот ва Худшиносӣ; Замин ва ҳаёт -офарида, тасодуф ё зарурият; Саволҳое, ки инсон буданро маъно мебахшанд; Коинот ва Инсонро чӣ дар пеш аст? Пешгӯӣ ва Фаротар аз савол – саволи абадӣ. 

Муаллиф дар муқаддимаи асар овардааст, ки «Ҳар китоб аз сарсухане оғоз мешавад, ки ҷавоб ба мақсади навиштан ва муҳтавои кӯтоҳи он аст. Аммо ин китоб аз савол оғоз мешавад. На як саволи тасодуфӣ, балки саволе, ки умқи (будияи) вуҷуди инсонро аз замонҳои дуродур то ба имрӯз ором намегузорад: Аз куҷо ҳама ҷиз сар шуд? Чаро ҳастӣ ҳаст? Оё «ҳеҷ чиз» воқеан вуҷуд дошт?» ва ғайраҳо.

Муаллиф таъкид мекунад, ки ин саволҳо то кунун ҷавоби аниқи илмии хешро наёфтаанд ва инсониятро дер боз дунболагир кардаанд. Устод дар сарсухани китоб чунин навиштааст: «Замоне буд, ки на фазо буд, на вақт, на нур, на торикӣ, на ситора, на соя… Ва ногаҳон таркише, гармие, ё шояд як фикри нахустин, ки ҳама чизро офарид. Аз он лаҳза, ҳама чиз рӯ ба инкишоф овард: материя, нур, қонунҳо, вақт, тартиб, нофаҳмӣ ва ниҳоят… инсон».

Мисли назарияҳои илмии пешин дар китоб қайд мегардад, ки Коинот ин маҷмӯи ҳама мавҷудоти физикӣ ва энергия, ки вуҷуд доранд, аз ҷумла модда, нур, вақт, фазо, қонунҳои табиат ва сохторҳои бузурге чун ситораҳо, сайёраҳо, галактикаҳо, туманот ва мавҷи гравитсионӣ мебошад. Яъне, Коинот – ҳама чизест, ки ҳаст: аз хурдтарин зараҳои субатомӣ (протон, нейтрон, электрон) то бузургтарин сохторҳои кайҳонӣ. Алалхусус, муаллиф хело оммафаҳм карда мефаҳмонад, ки Инфиҷори бузург – ин назарияи асосии космологист, ки оғози Коинотро шарҳ медиҳад ва мувофиқи ин назария: Коинот тақрибан 13,8 миллиард сол пеш, аз ҳолати бениҳоят зич ва фишурда оғоз ёфт – дар як лаҳзаи ибтидоӣ, ки онро сингулярияти кайҳонӣ меноманд ва он – на таркиши моддӣ, балки инфиҷори худи фазо ва вақт буд. Аз ҳамон лаҳзаи аввал, фазо васеъ гардида, модда ва энергия офарида шуданд ва қонунҳои табиат арзи вуҷуд намуданд. Ин лаҳза, ки онро «Нахусттаркиш» ва ё «Таркиши бузург (Big Bang) меноманд, сароғози ҳама чизест, ки имрӯз ҳаст.

Муаллиф дар китоб назарияҳои Суқрот, Афлотун, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хаём, Абурайҳонӣ Берунӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигаронро мисол меорад ва дар баъзе ҷойҳо бо ин бузургон баҳс ҳам меорояд. Дар китоби мазкур муаллиф дар бораи пайдоиши Одам (Инсон), ҳамчун шакли олии мавҷудоти зинда низ фикрҳои ҷолиб баён мекунад.

Дар умум, асари нави академик Фарҳод Раҳимӣ – «Асрори Коинот ва сарнавишти инсоният» як китоби хело арзишманде дар бораи пайдоиши Коинот буда, барои шинохти асрори Коинот ба хонанда маълумоти муфид медиҳад. 

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,

доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, АМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *