Душанбе маркази дипломатияи ҷаҳонии об

Душанбе рӯзҳои 25-28-уми майи соли равон ба маркази муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор табдил ёфт. Дар пойтахти Тоҷикистон конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи асосии он суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор – таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва санитария барои ҳама мебошад. Конфронси мазкур бо ташаббуси Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушд баргузор гардида, намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид  менамояд.

Аз рақамикунонӣ то сарфакорӣ

Дар маркази таваҷҷуҳи конфронс суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Сарвари давлат эълон кард, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст то соли 2040 сатҳи рақамикунонии мудирияти захираҳои обро ба 80 фоиз расонад. Ин иқдом на танҳо ба баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат мекунад, балки метавонад Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи об табдил диҳад. Ҳамзамон Тоҷикистон нақша дорад, ки истифодаи технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 маротиба афзоиш диҳад. Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ фишорро ба захираҳои обӣ зиёд месозанд, чунин иқдом метавонад модели муҳим барои кишварҳои минтақа гардад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки сиёсати нави обии Тоҷикистон аз ду ҷиҳат аҳамияти стратегӣ дорад. Аввал, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим. Дуюм, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ. Барои кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ истифодаи самараноки об на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи амнияти миллӣ низ мебошад.

Ҳушдор ба ҷомеаи байналмилалӣ

Яке аз паёмҳои асосии конфронс ҳушдор аз амиқтар шудани буҳрони ҷаҳонии об буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки имрӯз миллиардҳо нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ дастрасӣ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, тақрибан 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об рӯ ба рӯ мешаванд.

Ин рақам нишон медиҳад, ки ҷаҳон ба марҳилаи нави рақобат барои захираҳои обӣ ворид мегардад. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, то соли 2050 талабот ба оби ошомиданӣ ҳадди ақал 25 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, Президенти кишвар аз таъсири омилҳои иқлимӣ, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи баҳр  изҳори нигаронӣ кард. Барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қисми зиёди манбаъҳои обӣ аз пиряхҳо вобастаанд, ин таҳдидҳо хусусияти стратегӣ доранд.

Ба андешаи таҳлилгарон, солҳои охир Тоҷикистон ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии об муаррифӣ шудааст. Аз ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид то баргузории форумҳои сатҳи баланд, Душанбе тадриҷан ба маркази дипломатияи байналмилалии об табдил меёбад.

Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди Нестор Нтахонтюэ зимни суханронии худ таъкид кард, ки об набояд омили ҷудоиандозӣ бошад, балки бояд ҳамчун сарвати муштараки башарият барои сулҳ ва ҳамбастагӣ хизмат кунад. Ӯ махсусан таъкид намуд, ки ҳеҷ давлат наметавонад танҳо бо мушкилоти глобалии вобаста ба об ва иқлим мубориза барад.

Сарвазири Бурунди таъкид намуд, ки оби тозаи нӯшокӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ аз муҳимтарин омилҳои ҳифзи саломатии инсон ба шумор мераванд. Ҳуқуқ ба оби бехатар ва беҳдошт ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳуқуқҳои инсон эътироф шудааст.

Нестор Нтахонтюэ изҳор дошт, ки «мушкилоти дастрасӣ ба об ва санитария, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба рушд, бахусус давлатҳои Африқо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҷумҳурии Бурунди барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, таҳкими низоми беҳдошт ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд».

Ба назари ӯ, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла дар ҳавзаҳои фаромарзӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувор мебошад.

Ҳамчунин, Сарвазири Бурунди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва иқлим, аз ҷумла ташаббусҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обро баланд арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки Душанбе имрӯз ба платформаи муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст.

Ин андешаи Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди нишон медиҳад, ки дипломатияи об имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар шароити зиёд шудани баҳсҳо сари захираҳои табиӣ, ташаббусҳои Тоҷикистон метавонанд ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва пешгирӣ аз низоъҳои эҳтимолӣ мусоидат намоянд.

Тоҷикистон намуна барои кишварҳои рӯ ба рушд

Томас Мануэл, намояндаи зербарномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ таъкид кард, ки таҷрибаи Тоҷикистон метавонад барои кишварҳои Африқо ва дигар давлатҳои рӯ ба рушд намуна гардад.

Ба гуфтаи ӯ, захираҳои обии Тоҷикистон ва сиёсати ҳифзи пиряхҳо аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Маҳз ҳамин захираҳо 60 фоизи оби минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо масъалаи миллӣ, балки масъалаи байналмилалӣ мебошад.

“Ин форум барои гирифтани таҷрибаи пешқадам дар роҳи ҳалли мушкилоти марбут ба об кумак мерасонад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи манбаъҳои обӣ, ки барои сайёра дар асри 21 хеле муҳим аст, аз ҷониби бархе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои қораи Африқо, ки аз норасоии об танқисӣ мекашанд, метавонад мавриди истифода қарор гирад. Зеро пешрафту шукуфоии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар қабл аз ҳама ба об ва захираҳои обӣ ва истифодаи самарабахшу оқилонаи он иртиботи қавӣ дорад»,- гуфт Томас Мануэл.

Ҷоизаи байналмилалии Президент

Дар доираи конфронс Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об хабар дод. Ҳадафи ин ҷоиза қадрдонӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, илм ва сиёсати устувори об мебошад. Инчунин, дар ҳошияи конфронс намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Устувории захираҳои обӣ барои ҳалли мушкилоти иқлим» баргузор гардид. Дар он иқтидори гидроэнергетикӣ, захираҳои обӣ, пиряхҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *