“Як шаппотӣ” ба рӯйи омӯзгор. Қонун қабул шуд, вале муаллим латукӯб мешавад

Прокуратураи ноҳияи Нуробод ба таҳқиқи қазияи латукӯби як омӯзгор аз сӯйи наздикони хонандаи синфи 5 оғоз кардааст. Вазорати маориф ва илм эълон кард, ки аз омӯзгор ҳимоят мекунад.

Нигаронии ҷомеа

Қазияи латукӯби омӯзгори мактаби миёна дар ноҳияи Нуробод аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва ҷомеаро ба ташвиш овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навори омӯзгори латукӯбшударо мавриди баҳсу мунозира қарор доданд.

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Нуробод мегӯяд, ки пас аз эрод гирифтан аз таҳсили як хонандаи синфи панҷум аз ҷониби бародари ӯ латукӯб ва таҳқир шудааст. Ба гуфтаи масъулони шуъбаи маорифи ноҳия, ҳодиса рӯзи 8-уми май дар деҳаи Меҳробод рух додааст.

Фақат як шаппотӣ?

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, баҳс пас аз он сар задааст, ки омӯзгор тавассути телефон ба бародари хонанда хабар додааст, ки хоҳараш дарсҳоро тайёр намекунад. Баъдан, ба гуфтаи масъулон, Миралӣ Орзуев омӯзгорро ба мулоқот даъват карда, дар дохили мошин бо ӯ дағалона рафтор кардааст.

Наҷмуддин Мирзозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия гуфтааст, ки шахси гумонбар иқрор кардааст танҳо “як шаппотӣ” задааст. Аммо худи омӯзгор дар суҳбатҳое, ки баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, иддао кардааст, ки ӯро бо мушту лагад зада, таҳқир ва ҳатто таҳдиди куштан кардаанд.

Модари омӯзгор низ мегӯяд, ки писараш аз дарди сар ва меъда ранҷ мебарад ва то ҳол саломатиаш пурра барқарор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Миралӣ Орзуев дар суҳбат бо расонаҳо латукӯбро рад карда, гуфтааст, ки онҳо танҳо суҳбат доштанд.

Мақомоти корҳои дохилии ноҳия тасдиқ кардаанд, ки парванда мавриди таҳқиқ қарор дорад ва гумонбар чанд маротиба бозпурсӣ шудааст. Омӯзгор ҳам барои ташхиси такрории тиббӣ фиристода шудааст. Қазияи мазкурро прокуратураи ноҳия таҳқиқ мекунад. 

Вокуниши Вазорати маориф ва илм

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кардааст, ки қазия зери назорати шахсии вазир қарор дорад. Ба иттилои вазорат, хароҷоти табобати омӯзгор пурра пардохт мешавад ва ӯ таҳти ғамхории масъулон қарор дорад.

Дар изҳороти расмии шуъбаи маорифи ноҳия таъкид шудааст, ки ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вазорат ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вазъи саломатии омӯзгор “хуб” арзёбӣ шудааст ва осеби ҷиддӣ сабт нашудааст.

Аммо ин изҳорот натавонист баҳсҳои ҷомеаро ором кунад. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки гунаҳкор сахт муҷозот шавад ва мақоми омӯзгор дар амал, на танҳо дар қонун, ҳифз гардад.

Қонуни нав ва мушкили кӯҳна

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд. Ҳадафи қонун баланд бардоштани ҷойгоҳи иҷтимоии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани имтиёзҳои бештар барои аҳли маориф унвон гардид.

Аммо қазияи ноҳияи Нуробод нишон дод, ки танҳо қабули қонун барои тағйири муносибати ҷомеа кофӣ нест. Дар чанд соли охир ҳолатҳои муноқиша миёни омӯзгорон, хонандагон ва волидон дар шаҳрҳои гуногуни кишвар расонаӣ шудаанд. 

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *