Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистонро маҳкум кард
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистонро, ки боиси марги даҳҳо нафар гардид, шадидан маҳкум кард.
Президенти Тоҷикистон рӯзи 25 май бо ирсоли нома ба раисҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф изҳори таслият намудааст.
Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон омадааст:
“Мо ин амали террористии даҳшатбор ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он боз ҳам таъкид менамоем”.
Сарвари давлат ҳамчунин ба мардуми Покистон ва наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён карда, барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои осебдидагон шифои комил хостааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи интиҳорӣ рӯзи 24 май дар вилояти Балучистони Покистон рух дод. Ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ин ҳамла дасти кам 30 нафар ҷон бохта, беш аз 70 каси дигар захмӣ шудаанд.


Ба навиштаи ББС, масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҷудоиталаби “Артиши озодибахши Балуч” ба дӯш гирифтааст. Хабаргузории “Ройтерз” менависад, ки ҳамлагар мошини пур аз маводи таркандаро ба қаторае кӯбонидааст, ки нерӯҳои амниятӣ ва аъзои оилаи онҳоро барои таҷлили Иди Қурбон ба хонаҳояшон мебурд.
Мақомоти Покистон то ҳол омори расмии қурбониёни ин ҳодисаро эълон накардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ