Ҳушдор ба фурӯшандаҳои бозорҳои Душанбе дар арафаи Иди Қурбон
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз оғози рейду санҷишҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар остонаи Иди Қурбон гурӯҳҳои корӣ барои назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия таъсис дода шуда, миёни соҳибкорон ва фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Аз тоҷирон ва фурӯшандагон даъват карда шудааст, ки боинсоф бошанд ва аз баланд бардоштани беасоси нархи маҳсулот худдорӣ намоянд.
Таъкид шудааст, ки ҳамасола дар арафаи идҳо баъзе соҳибкорон бо истифода аз талаботи зиёд ва ниёзмандии мардум нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд. Ба гуфтаи манбаъ, “маблағе, ки бо роҳи мардумфиребӣ ва суиистифода аз эҳтиёҷоти мардум ба даст оварда мешавад, ҳеҷ гоҳ баракат нахоҳад дошт”.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳушдор додааст, ки дар сурати риоя накардани талаботи қонунгузорӣ нисбати қонунвайронкунандагон мутобиқи моддаҳои 479, 555, 627 ва 633 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон соли 2026 ба 27 май рост омада, вақти баргузории намози ид соати 06:00 муайян шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ