Боздошти нозири барқ барои изофанависӣ
Нозири барқ дар ноҳияи Данғара бо гумони 30 ҳазор сомонӣ изофанависӣ, ворид намудани маълумоти дурӯғ ба суратҳисоби истифодаи барқи 138 сокини ин ноҳия боздошт гардид. Ӯро 71 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин корманд Раҳимов М. ном бурда, иттилоъ додааст, ки ӯ 29-сола мебошад. Номбурда аз соли 2019 инҷониб ҳамчун нозир дар шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара фаъолият доштааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ давоми солҳои 2025-2026 ба суратҳисоби 138 сокини деҳаи Меҳтарии ҷамоати Сафобахши ноҳия маълумоти бардурӯғ ворид карда, ҳаҷми истифодаи барқро 73 ҳазору 69 киловат соат қувваи барқ қайд ва 30 ҳазору 228 сомониву 19 дирам изофанависӣ кардааст.
Мақомот нисбати ин нозири барқ бо иттиҳоми “тағйир додани иттилооти компютерӣ” (моддаи 299, қ.1) ва “сохтакории ҳуҷҷат бо истифодаи компютер” (модддаи 340, қ.2) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар сурати исботи иттиҳом ба ӯ ҳаддиақал 71 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ