Созишномаи нави илмӣ байни ДБССТ ва Донишгоҳи СММ

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шартномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Созишнома 25 май дар доираи Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони «Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» аз ҷониби ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Каве Маданӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи ин санад, ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузор намудани конференсияву форумҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Зимни маросими имзои санад таъкид гардид, ки густариши ҳамкории байналмилалӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Иброз гардид, ки имзои тафоҳумнома барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *