Овозхони маъруф Фараҳманд Каримов 30-сола шуд (видео)
Фараҳманд Каримов, овозхони ҷавон ва маъруфи тоҷик ба 30 –сола шуд. Ӯ миёни мухлисон бо иҷрои сурудҳои гуногун ва сабки хоси овозхониаш маҳбубият пайдо кардааст.
Фараҳманд бештар бо суруди машҳури “Оҳи дили зор” шуҳрат ёфт. Баъдан сурудҳои “Фарёди бесад”, “Аввалин дидор”, “Он сӯи ғам”, “Дарди ҷонкоҳ” ва дигар таронаҳо ҷойгоҳи ӯро дар саҳнаи ҳунари тоҷик боз ҳам мустаҳкамтар карданд.
Овозхон соли 2012 дар гурӯҳи якуми озмуни сурудҳои 10-уми олимпиадаи байналмилалии туркӣ иштирок намуд. Ин озмун 11 июни ҳамон сол дар варзишгоҳи “Kâmil Ocak”-и шаҳри Ғозиантеп баргузор гардида буд. Фараҳманд Каримов дар он суруди “Beyaz Mendil”-ро иҷро карда, соҳиби медали нуқра гардид.
Фараҳманд Каримов Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд соли 2018 хатм кардааст. Айни ҳол ӯ дар ихтисоси овозхонӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ