Холиқов Рустами Эмомалиро ғолиб эълон кард

Рустами Эмомалӣ — иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе, дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт аз ҳавзаи рақами 25, баранда эълон шудааст. Абдулло Холиқов, раиси комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе рӯзи 3 апрел эълон кард, ки Рустами Эмомалӣ дар ин интихобот 84,80 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Рақибони ӯ аз ҳизбҳои ҳизбҳои демократӣ ва аграрӣ Ҳикматулло Саидиён ва Фазлиддин Икромовмутаносибан 2,63 ва 7,81 дарсади раъйи интихобкунандагонро касб кардаанд.

Дар ҳавзаи ҳавзаи шумораи 62 ҳизби хокими халқӣ-демократӣ номзадии Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини раиси шаҳри Душанберо пешниҳод карда буд ва ӯ бо намояндаи Ҳизби аграрӣ Маъсума Алиева вориди рақобат шуд. Интихоботи миёндаврӣ дар ду ҳавзаи 25 ва 62 дар шаҳри Душанбе рӯзи 2 апрел баргузор шуд.

Аз ҳавзаи рақами 25 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳри Душанбе вакили маҷлиси пойтахт буд ва иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт рӯзи 7 феврал ваколати ӯро қабл аз мӯҳлат қатъ кард. Ҳамчунин, вакилии Фирӯз Улмасов, раҳбари пешини дастгоҳи шаҳдории пойтахт аз ҳавзаи рақами 62 лағв гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *