Хонаи Тоҷиддин Қурбониён қасдан сӯзонида шудааст

Идораи оташнишонии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки сӯхтори хонаи додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён, ки моҳи июн расман ба гирифтани ришва муттаҳам ва аз вазифа сабукдӯш шуд, қасдан оташ зада шуд ва дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Садриддин Султонов, иҷрокунандаи сардори Идораи оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 18 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтааст, ки сӯхтор дар хонаи Тоҷиддин Қурбониён, додраси додгоҳи ноҳияи Панҷ қасдан сурат гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 255-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале ҳанӯз ҳеҷ нафаре бо гумони анҷоми ин ҷиноят боздошт нашудааст.

Садриддин Султонов гуфтааст, ки тафтишоти ҳодиса идома дорад. Ӯ гуфт, ки зарари молии дар натиҷаи сӯхтори 5 метри квадратӣ сӯхта тахминан 10 ҳазор сомонӣ (1200 доллари амрикоӣ) арзёбӣ шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки дар сӯхтори хонаи Тоҷиддин Қурбониён чанд ашёи хона бурда шудааст ва ҳоло тафтишот ҳамаи ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Вай гуфт, ки ҳанӯз тафтиш ба охир нарасидааст. Аз ин пеш вуқӯи сӯхтор дар манзили додраси собиқро мақомоти ноҳияи Панҷ ҳам тасдиқ карданд, вале тафсилоти он маълум набуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *