Хонандагони мактабҳо ба таътили зимистона мебароянд
Аз 1 то 7 январи соли 2026 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз мегардад. Дар ин бора ба Pressa.tj аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои вазорат, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабри соли ҷорӣ чоряки дуюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад.
Вазорати маориф ва илм зикр намудааст, ки дар давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ истифода баранд.
Ҳамчунин, вазорат аз падару модарон даъват кардааст, ки дар давраи таътили зимистона назорати фарзандонашонро ҷиддӣ намуда, нагузоранд онҳо вақти худро бо истифодаи зиёди телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда сипарӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ