Нархи истифодаи барқу гармӣ дар Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2026 эҳтимол боло меравад


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29-уми декабр дар ҷаласаи Ҳукумат супориш дод, ки тарифҳои нави истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 мавриди амал қарор дода шаванд.
Дар ҷаласаи Ҳукумат лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ» баррасӣ ва қабул гардид.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таҳия шудааст.

Айни ҳол нархи истифодаи 1 киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 35,36 дирам мебошад. Барои ҳар 1 метри мураббаъ майдони гармидиҳии манзил бошад, аҳолӣ дар як моҳ 1 сомонию 18 дирам пардохт мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *