Хуҷанд: Дар нуҳ моҳ 16 адад корхона бунёд шуд (аудио)

Бино ба иттилои роҳбари дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод, дар 9 моҳи соли равон 16 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шудааст. Бо таъсиси ин миқдор корхонаҳо шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба 184 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 195 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 544,4 млн сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 106,1 млн сомонӣ ё 24,2 фоиз зиёд мебошад.

76 маротиба ярмарка барои дастгирии аҳолӣ

“Дар рушди бемайлони иқтисодиёти шаҳр ҳиссаи муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта, ҳаҷми он дар ин давра ба 2 миллиарду 653,6 миллион сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 1081,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он мутаносибан ба ҳар як сари аҳолӣ 13,3 ҳазор сомонӣ ва 5,4 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар ин давра баҳри беҳдошти дастрасии аҳолии шаҳр ба соҳаи хизматрасонӣ 20 нуқтаи савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии баландшавии арзиши маҳсулоти хўрока бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 76 маротиба ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, 4 ҳазору 630 тонна маҳсулот ба фурўш бароварда шуд”,- афзуд Юсуфзод.

Коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ ифтитоҳ шуд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-уми августи соли 2022 ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии №1-уми шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти корхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Беш аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ

Бино ба маълумоти омории масъулини тандурустии шаҳри Хуҷанд дар шаҳр баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 95 адад муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 6 ҳазору 300 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд.

Ҷиҳати рушд додани соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд беш аз 310 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳ, иншооти оддии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншооти барои машғулиятҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ 14 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакона дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбастиро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои раиси вилоят ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.

Фарзона МУРОДӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.