Хуҷанд: Дар бозор ҷои нони обӣ танг шудааст

 Дар шаҳри Хуҷанд ва чанде аз деҳаҳои атрофи он пухтани беш аз 10 намуди нон маъмул гардидааст. Аз ҳама нони серхаридору гаронарзиш ин фатири равғанин мебошад, ки дар бозор як донаи он 10 сомонӣ арзиш дорад. Инчунин нонҳои ҷаззагӣ, ширмол, гӯштин, самарқандӣ серхаридор будаанд.

 Бино ба гуфти нонпазон ва фурӯшандагон солҳои охир талабгорони нони обӣ дар бозорҳо низ кам шудаанд, ки ҳоло як донаи он дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд аз 80 дирам то 1 сомонӣ арзиш дорад.

 Аммо бо вуҷуди нархи арзон доштан шумораи хеле ками нонҳо дар гармогармӣ фурӯхта мешавад ва боқимондаи нон, ки то наздикии бегоҳ ба фурӯш намераванд фурӯшандагонро маҷбур мекунад, ки ҳатто аз арзиши аслияшон ҳам арзонтар ба фурӯш гузоранд.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *