Хуҷанд:  Фаъолияти 6 муассисаҳои сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳон

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд 6 муассисаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла  Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”,  ҶДММ “Саёҳати олӣ”,  “Суғдиён Помир-тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зафаршон” фаъолият бурда истодаанд.

 Ба гуфти раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ   хатсайрҳои “Шоми Душанбе”, “Искандаркӯл” ва “Ҳафткули мӯҷизадор”  фаъолияти пурсамар доранд.

“Айни ҳол дар шаҳр барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхонаҳо фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъмори ва санъат мавҷуд мебошад.  Инчунин барои истироҳати шаҳрвандон, меҳмонон ва сайёҳон дар шаҳри Хуҷанд боғҳои зиёди фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд шудаанд.

Боғи  фарҳангию фароғатии “Истиқлол”,  Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва “Боғи истироҳатии ба номи Устод Рудакӣ мисоли рушани бунёдкорӣ шароит фароҳам овардан барои истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон  аст”-афзуд Муҳаммадзода.

Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *