Худкуши бегонапараст. Намангон 13 ҳазор, Душанбе 20 000

Мо худкуши бегонапараст будему ҳастем!

Чанд рӯз пеш яке аз пайвандонам аз Маскав занг зад. Баъди ҳолпурсӣ гуфт:

— Билет дорам, 15-уми декабр.

— Майлаш, пешвоз мегирем, — гуфтам дар ҷавоб.

— Ташаккур, лекин ман дар Намангон мефароям, — таъкид дошт.

— Чаро ба Душанбе чипта нагирифтӣ?

‌- Ба Намангон билет 13 ҳазор рубли русӣ, ба Душанбе бошад аз 20 000 рубли русӣ боло аст. Боз ташвишро намегӯӣ!? Агар маълумотномаи коронавирус барои парвоз ба Ӯзбекистон 1700 рубл бошад, пас ба Тоҷикистон 3000 рубл аст. Ба тамоми гӯшаи Тоҷикистон аз самти Русия чипта гарон аст. Бинобар ин, мардуми мо Ӯзбекистонро интихоб мекунанд.  

‌Баъди ин муколама ба фикр фурӯ рафтам. Чаро чунин аст? Охир, ҳарду масир қариб баробаранд-ку! Аҷиб, чаро нархи чипта аз Тоҷикистон ба самти Русия ин қадар гарон асту ҳеҷ танзим намешавад? ‌Беҳтар нест, ки масъулин нархро ба танзим даровардаву паст намоянд то шаҳрвандон ҳангоми парвоз шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷандро интихоб кунанд?

Пӯшида нест, ки ҳоло бинобар гаронии арзиши чипта аз Душанбе шаҳрвандони мо ҳангоми парвоз асосан шаҳрҳои Ӯзбекистонро интихоб мекунанд. Пеш аз ин Ошу Бишкек буд.

‌Намедонам, дар ширкатҳои ҳавонавардии мо киҳо нишаставу бо куҷояшон фикр мекунанд, гӯё дар фикри беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар ва мардум нестанд! Ҳатто суду зиёни худро намефаҳманд ва ба умеди 5 сомонӣ фоида шуда 500-ро аз даст медиҳанд.Чаро мурғеро, ки “тухми тиллоӣ” меорад, сар мебурранд?

Айни замон манфиати бештар насиби ширкатҳои ҳавонавардии Ӯзбекистон шуда истодааст, зеро шаҳрвандони мо ба шаҳрҳои Русия низ  аз ин масир сафар мекунанд. Масъулини ширкатҳои ҳавонавардии мо бошанд, ду даст дар бинӣ нишастаанд. Маблағи як соли охири парвоз аз тарафи шаҳрвандони кишварро аз самти Ӯзбекистон ба Русия ва баръакс ҳисоб кунед, чӣ қадар мешавад?

Шояд шумо андешаи дигар доред, хонандагони азиз?

Усмон Раҳимзода,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *