Мо ҳаққи интихоб надорем!

Дар Тоҷикистон симкорти бе интернет нест. Чаро? Касе намедонад!

Ҳоло мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки як падар барои писари ҳафтсолааш, ки нав ба мактаб меравад, як телефони модели «Нокиа» мегирад ва он танҳо барои аз аҳволи фарзандаш бохабар шудан аст, вале ширкатҳои мобилии мо (ба ҷуз Зет Мобайл, ки дирӯз дар сӯҳбат бо мо аз тарофаи «Констркутор»-и худ хабар доданд)  ҳатман симкорташонро бо пакети мегабайт мефурӯшанд ва пулашро мегиранд.

Ҳоло мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки як набера барои бобои 80-солааш телефони одӣ тӯҳфа мекунад, то ки чанд рӯз пас аз аҳволаш бохабар шавад, вале ширкатҳои мобилии мо ҳатман симкорташонро бо пакети мегабайт мефурӯшанд ва пулашро мегиранд.

Ҳоло мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки ҳаққи интихоб надорем, ҳар он чизе, ки ширкатҳои мобилиямон хоҳанд, пешниҳод мекунанд ва мо қабул мекунем ва ин дар ҳолест, ки ниҳоди масъули танзим ва назораткунанда Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба назорати нафароне, ки дар назди бинои наваш «селфӣ» мекунанд, машғул аст.

Бале, мо маоши баланд надорем, нафақаи ночиз мегирем, ки аз баъзеҳо як халта орд намешавад, вале аз тарафи дигар ширкатҳои мобилӣ аз ҷайбамон чӣ тавре ки хоҳанд, ҳақ меситонанд. Ва ҳама ҷо хомӯшисту об ба даҳон, гуё ҳамааш хуб аст.

Агар ин мушкилии ба чашми аксарият кӯчак ҳал нашавад, чӣ мешавад? Қисми зиёди мо ба ҷойи он ки ҳаққамонро талаб кунем хомӯш меистем, вале боз намехоҳем ҳамту чизи бедаркори харидаамонро аз даст диҳем барои ин дар масъалаи мазкур роҳи ҳалро меёбем. Ҳамон падар ва набарае, ки дар боло гуфтам яке барои фарзандаш ва дигаре барои бобояш смартфон мегиранд то ки мегабайтҳои харидорӣ намудаашон насӯзад. Акнун ҳолат бадтар мешавад, зеро кӯдак ва пирамард дар дунёе, ки номаш интернет аст, чӣ коре, ки хоҳанд мекунанд. Ва Худо паноҳ дорад аз он ки хато карда ба матлаби номатлубе як «лайк» монанд.

Ба фикри мо роҳи ҳалли ин қазия ба Хадамоти алоқа вобаста  аст: Бигузор ширкатҳои мобилиро муваззаф созад, ки тарофаҳои дастрас барои мардум пешниҳод намоянд, то ки ҳар нафар мувофиқи табъу завқи худ симкорт бихараду тарофа интихоб кунад.

Магар гӯр сӯзаду дег ҷӯшад, шиори шумост?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *