Сармоягузоронро чӣ ба Душанбе меорад?

Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 –уми октябр   форуми байналмилалии “Душанбе — Инвест ” — 2021 баргузор гардид. Ҳадаф  аз  баргузории ин форум, пеш аз ҳама, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои  инкишофи бахшҳои иқтисодии кишвар унвон мешавад. Таҳлилгарон бар ин назаранд, соҳибкороне, ки барои пайдо намудани сармоя ниёз доранд,  форуми мазкур имконияти хуб ва муфид хоҳад буд.

Сармоягузорӣ  дар Душанбе 

Чанд соли охир таваҷҷуҳи соҳибкорону  сармоягузорони берунӣ барои фаъолият дар  Душанбе  рӯ ба афзоиш аст. Соҳибкорон  мехоҳанд, ки  бештар корхонаҳои бузурги саноатиро ба гардиш дароранд.  Маълумоти омории  дастрасшуда аз мақомоти шаҳри Душанбе бозгӯ ба он аст, ки иқтисоди пойтахт устоворона пеш меравад. Барои ин рӯ меорем ба омори соли ҷорӣ.  Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 57 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, ба иқтисодиёти шаҳр беш аз 155,5 миллион доллар  ворид намудаанд. Аз ин маблағ 49,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 106 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро фаро мегирад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сармоягузориҳои мустақим 37%, дигар сармоягузориҳо 94% , дар маҷмуъ, 71% воридоти сармояи хориҷӣ зиёд гардидааст.  Дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 541,5 миллион доллар  амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то ин ҷониб 107,1 миллион доллар  аз худ карда шудааст.

Ҳоло  дар шаҳри Душанбе татбиқи се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки бевосита аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе идора  мешавад, идома дорад. Инҳо лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 32 миллион доллар,  ки аз он гранти Бонки Ҷаҳонӣ бо маблағи 30 миллион доллар ва  2 миллион доллар саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Лоиҳаи  мазкур 28 ноябри соли 2018 оғоз ёфта, интизор меравад, ки 31 декабри соли 2024 анҷом ёбад.  Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе»  дар ҳаҷми 45,8 миллион доллар, ки аз он гранти Бонки Осиёгии Рушд  41,18 миллион доллар ва  4,6 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин лоиҳа  29 ноябри соли 2018  оғоз ёфта, дар назар аст, ки  30 марти соли 2025 ба анҷом расад.  Лоиҳаи рушди соҳаи нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии шаҳри Душанбе — марҳилаи 2-юм   8 миллион долларро ташкил медиҳад. Он аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад.  Лоиҳаи мазкур 14 апрели соли 2020 оғоз ёфтааст. Дар назар аст, ки 1 июли соли 2022 лоиҳаи номбурда анҷом пазирад.

Бино бар маълумоти  Раёсати сармоягузории мақомоти шаҳри Душанбе,  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор созишномаи дастгирӣ байни мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” бо маблағи 11,1 миллион доллар, ки аз ин 6,1 миллион маблағҳои грантӣ ва 5 миллион маблағҳои қарзӣ мебошад, ба имзо расид. Соли ҷорӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” оид ба сохтмон ва истифодабарии Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе ба маблағи беш аз 55 миллион сомонӣ ба имзо расонда шуд. Инчунин, пешнависӣ ва таҳияи лоиҳаи бунёди Маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе бо гранти Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта истодааст. Ҳангоми татбиқ  тақрибан 3 миллион доллар барои бунёди маркази мазкур маблағҳои грантӣ дар назар мебошад.

Корхонаҳои азим

Бузургтарин марказҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ дар Душанбе, ки соли охир бо сармояи ватаниву хориҷӣ сохта шудаанд, инҳо мебошанд:

1. Маркази савдо ва дилхушии «Сиёма Молл» бо маблағи беш аз 10 миллион доллар. Ҷойи кор: 500 ҷой (ба наздикӣ  ифтитоҳ меёбад);

2. ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» бо маблағи 60 миллион сомонӣ (истеҳсол ва коркарди маҳсулоти пахтагӣ);

3. ҶДММ «Стоун» бо маблағи 60 миллион сомонӣ (коркарди санги хоро ва мармар);

4. «Артел Авесто Электроникс» аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва ҶДММ «Artel Engineering and Management» бо маблағи 10 миллион доллар (корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ);

5. ҶДММ «Ғаюр Корея Технолоҷӣ» бо маблағи 3 миллион доллар (корхонаи истеҳсоли фурузонакҳои диодӣ);

6. Композит Т.А. бо 150  ҷойи кор (корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ);

7.  ҶДММ “Мармарӣ” бо маблағи 51 миллион сомонӣ  бо  100 ҷойи кор (забҳхонаи комплекси агросаноатӣ);

8. Меҳмонхонаи 4 ситорадори “Сафо” бо зиёда аз 100 ҷойи кор бо маблағи 2 миллион доллар;

9. Кӯдакистон ва литсейи хусусии “Адолат”  бо зиёда аз 200 ҷойи кор;

 10. Тарабхонаи хӯрокҳои тезтайёр «KFC» бо маблағи зиёда аз 1 миллион доллар, 50  ҷойи кор;

 11. 8 меҳмонхонаи сатҳи байналмилалӣ. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти  шаҳри Душанбе бо маблағи беш аз 38 миллион доллар ва 500 ҷойи кор. Сохтмони ин меҳмонхонаҳо идома дорад.

 Соҳибкории Душанбе дар рақамҳо 

Ҳоло барои  дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Фонд ба  соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок бо 10 фоизи солона, ки дар ҷумҳурӣ пасттарин ба ҳисоб меравад, бо пули миллӣ пешниҳод менамояд. То 1 октябри соли ҷорӣ маркази мазкур ба соҳибкорон ба маблағи 40,7 миллион сомонӣ қарзҳо ҷудо намудааст. Инчунин, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе бошад, ба соҳибкорон  омӯзиш, машваратҳо медиҳад. Роҳнамо  оид ба ташкили фаъолияти қонунӣ ва ташкили нақшаҳои тиҷоратӣ мебошад.

Тибқи маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ дар 9 моҳи  соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  субъектҳои хоҷагидор ба 43 953 адад расида,    нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1807 адад бештар мебошад. Соҳибкорони инфиродӣ ба 36 132 нафар расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1515 нафар, аз ҷумла, бо патент 24830  нафар ва бо шаҳодатнома 10 620 нафарро ташкил медиҳанд. 

Ба андешаи таҳлилгарон дар шароити имрӯз Душанбе на танҳо ба макони сайёҳӣ, ҳамоишҳои сиёсӣ, инчунин, маркази рушди тиҷорат табдил ёфтааст.

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *