Хукпарвар андозро насупоридааст

Як сокини 26-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро рӯзи 4 май бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.

ВКД мегӯяд, ин мард бинои мурғхона дар ҷамоати Деҳмойро иҷора гирифта, ба парвариши хук ва фурӯши гӯшти хук машғул шудааст, вале дар тӯли се соли хукпарвариаш ба маблағи 72682 сомониву 60 дирам андози давлатро пардохт накардааст.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як мавриди ғайримуқаррарии соҳибкории ғайриқонунӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, рӯзи 4 май дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия як марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро ҳамчун гумонбар дар соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи вазорати дохила, ин мард моҳи июли соли 2015 дар асоси шартномаи иҷора бинои мурғхонаи воқеъ дар ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Расуловро ба иҷора гирифта, «ба парвариш ва минбаъд ба фурӯш баровардани маҳсулоти гуштии хукҳо машғул гардидааст.” Маркази матбуоти вазорати дохила меафзояд, ки марди боздоштшуда «аз соли 2015 сар карда, ҳар моҳ хукҳои парвариш намудаашро забҳ карда, ба фурӯш бароварда, ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардида, ба буҷаи давлат ба маблағи 72 682,60 сомонӣ андозҳоро пардохт накардааст.»Тафтиши ин қазия идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *