Аз даҳ “лидери ҷавон” якеаш Фирӯз аст

Вазорати корҳои  хориҷии Амрико номи 10 «лидери ҷавон«- ро эълон кард, ки дар байни онҳо як ҷавони 22-солаи тоҷик низ ҳаст.

Ҷоизаи “лидери ҷавон” -ро Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба онҳое тақдим мекунад, ки “барои сулҳу пешрафт ва фароҳам кардани имконот” талоши зиёд ба харҷ додаанд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо охири ҳафтаи гузашта дар рӯзи 2-уми май дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд ва худи Фирӯз Ёғбеков, донишҷӯи 22-сола аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар он ҳузур дошт.Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Фирӯз Ёғбеков, ки мудири маҳфили «Рӯ ба рӯ» дар донишгоҳ аст, ин минбарро барои баҳси масоили доғе ба мисли мубориза бо ифротгароии хушунатбор, зӯроварӣ дар хонавода ва фароҳам кардани имконоти иқтисодӣ барои мардуми фақир истифода бурдааст. Фирӯз Ёғбеков, сокини Душанбе, беш аз 2 сол аст, ки ба ҳайси ихтиёрӣ дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кор мекунад ва то кунун дар се минтақаи Тоҷикистон муколамаҳо байни ҷавононро раҳбарӣ кардааст. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дар ин муколамаҳо огаҳии ҷавонон дар бораи мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатбор боло меравад. Ҳамроҳ бо Фирӯз Ёғбеков, ҷоизаи “лидери ҷавон”-ро 9 ҷавони дигар аз Ироқу Индонезия, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Покистон, Латвия, Бангладеш, Норвегия ва Панама ба даст овардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *