Хушдоманам бо санг зада, ҷоғамро шикаст

 Ҳангоми дар беморхона хоб буданам, ба палатаи мо ҷавони харобинаеро оварданд, ки аз ҳамсараш шатта хӯрда ба беморхона афтидааст.

Ҳиси кунҷкобиям боло гирифту баъди ҷароҳии ҷоғи ҷавон ба наздаш рафта, худро шинос намудам ва сабаби ба ин ҳол расиданашро пурсон шудам. Ҷавон аввал шарм кард, ки ҳақиқатро гӯяд, вале чун дид, ки  аллакай духтурон сирашро фош карданд, оҳи сард кашида гуфт:

-Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад. Гапам бо занам гурехту хешу табораш ба сари ман омада, ҷангу ҷанҷол карданд. Фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел хушдоманам сангро аз замин бардошта ба сӯйи ман ҳаво дод. Дигар чӣ шуд, дар ёд надорам, чунки бар асари зарбаи задаи хушдоманам ҷоғам шикаста аз ҳуш рафтаам…

-Бо ҳамсаратон чаро гапатон гурехт?

-Занам беҳад эрка, бар замми ин, хабаркаш аст. Аз бинӣ боло гап занам, дарҳол ба хонаводаашон занг мезад, ки шӯям маро ҳақорат кард. Падару модараш ба ҷойи насиҳат кардан, гапи ӯро дар замин намонда ба сари ман меомаданд. Ҳамсояҳо аз доду войи занам ва падару модару хешу табори ӯ ба дод омада буданд.

-Ин тавр бошад, чаро хушӣ ба хушӣ ба ҷудо нашудед?

-Чанд бор гуфтам, ки безор шудам аз хабаркашию беаклию эркагияш, аз занам ҷудо мешавам, вале падару модарам тарафи келинашонро гирифта, нагузоштанд, ки ҷудо шавем. Дандон ба дандон монда тоқат мекардам, вале ҳамон рӯзи шум занам либосҳои маро бароварда, ба берун партофт ва маро 99, камақл, девона ва боз ким-чиҳои дигар гуфт. Тоқатам тоқ шуду як шаппотӣ задам. Занам доду фарёдкунон ба хонаи ҳамсоя рафт. Аз ҳамон ҷо ба модараш занг задааст.  Як дам пас падару модараш хонаамон омадаанд. Хусурам сабаби ҷанҷолро напурсида аз гиребонам гирифту маро ҳақорат кард, хушдоманам бошад, маро бо санг зада ҷоғамро шикаст.

-Аз рӯяшон шикоят накардед?

-Занам ҳомиладор намебуд, онҳоро ба суд медодам, вале хотири фарзандам ин корро намекунам. Бигзор онҳоро Худо занад!

-Нияти бо ҳамсаратон оштӣ шудан доред?

-Не, мурам ҳам, дигар ӯро намебахшам. Сиҳат шуда аз беморхона бароям, талоқашро медиҳам. Ҳамеша дар вайрон шудани оила мардҳоро гунаҳкор мекунанд. Нависед, ҳамаашро нависед, бигзор мардум хонда фаҳманд, ки дар вайрон шудани оилаҳои ҷавон танҳо мардон не, худи занону духтарон ва волидонашон низ гунаҳкоранд. Падару модарон, агар ба ҷои ба сари хонаводаи домод рафта ҷангу ҷанҷол кардан духтари худашонро насиҳат кунанд, олам гулистон мешавад, вале бадбахтона қисми зиёди духтардорҳо худашон ба насиҳатгар муҳтоҷ ҳастанд. Аз шумо танҳо як хоҳиш дорам, номи маро нанависед. Ман мард ҳастам ва хоҳ-нохоҳ бояд оиладор шавам. Намехоҳам ягон рӯз зани навам ё падару модари ӯ маро масхара карда бигӯянд, ки дар вақташ туро хешу табори занат зада, ҷоғатро шикаста буданд…

-Ваъда медиҳам, ки исматонро наменависам, танҳо саргузаштатонро рӯйи коғаз меорем, то ба дигарон дарси ибрат гардад.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *