Ҳушдори “Тоҷикстандарт” пеш аз Иди Қурбон ба фурӯшандаҳои бозор
Агентии “Тоҷикстандарт” аз соҳибони нуқтаҳои савдо ва бозорҳо даъват кардааст, ки дар арафаи Иди Қурбон нархи маҳсулотро беасос баланд накунанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо ин мақсад дар бозорҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба фурӯшандагон тавсия додаанд, ки қоидаҳои савдоро риоя намуда, маҳсулоти босифат пешниҳод кунанд.
Гуфта мешавад, дар рӯзҳои ид талабот ба маҳсулоти ғизоӣ зиёд мешавад ва болоравии нарх метавонад ба буҷаи оилаҳо таъсир расонад.
“Тоҷикстандарт” таъкид кардааст, ки нигоҳ доштани суботи бозори истеъмолӣ ва дастгирии аҳолӣ муҳим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ