Маликаи саҳнаи балети Тоҷикистон (видео)

Имрӯз, 22 май Малика Собирова, ҳунарпешаи маъруфи балет ва раққосаи номдори тоҷик зодрӯз дорад. Ӯ  22 майи соли 1942 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Аз соли 1963 то охири умр дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст.

Санъати Малика Собирова бо нафосат, техникаи олӣ ва дарки амиқи образҳои саҳнавӣ фарқ мекард. Ӯ унсурҳои рақси классикӣ ва миллии тоҷикро моҳирона ба ҳам мепайваст ва ба шарофати истеъдоди барҷастааш дар саҳна мақоми шоиста пайдо карда буд.

Ӯ дар саҳна образҳои Одеттаи фидокору ранҷдида, Одиллияи маккору дилфиреб ва Лизаи ишвагару бепарворо офаридааст. Ҳамчунин дар балетҳои маъруфи “Жизел”, “Шурале”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Темурмалик” нақшҳои хотирмон иҷро кардааст.

Малика Собирова инчунин дар чанд филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла “1002 шаб”, “Малика” ва “Қиссаи шарқӣ” иштирок намудааст. Имрӯз Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии Тоҷикистон дар Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст.

Малика Собирова субҳи 27 феврали соли 1982 бар асари бемории саратони шуш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Номи ӯ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи балети тоҷик дар таърихи фарҳанги миллӣ ҷовидона боқӣ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *