Фоҷиа дар Шаҳритус. Ду кӯдаки гумшуда пас аз 6 рӯз ёфт шуданд

Дар ноҳияи Шаҳритус ҷасади ду кӯдаки ноболиғ, ки чанд рӯз боз бедарак буданд, аз дохили ғор пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ин ду кӯдак бародар буда, яке дар синфи 3 ва дигарӣ дар синфи 5 таҳсил мекарданд. Онҳо рӯзи 14 май барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта, дигар ба хона барнагаштаанд.

Сокинони деҳа ва нозирони маҳаллӣ давоми шаш шабонарӯз кӯдаконро ҷустуҷӯ карда, ниҳоят рӯзи 20 май ҷасади онҳоро пайдо намудаанд. Ҷанозаи ин ду кӯдак шоми дирӯз, 20 май баргузор шудааст.

Аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони хурдсолро танҳо ва беназорат нагузоранд, бахусус дар рӯзҳои баҳорӣ, ки ҳаво зуд тағйир ёфта, боришоти шадид ва ҳолатҳои ногаҳонӣ метавонад хатар эҷод кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *