Нақшаи бунёди 2 кӯдакистону 1 гимназия дар Ҷайҳун

Дар ноҳияи Ҷайҳун бунёди 1 гимназия ва 53 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар сентябри соли ҷорӣ ба охир мерасанд.

Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити таълим дар назди 6 муассисаи таълимӣ сохтмони 53 синфхонаи иловагӣ идома дорад.

Ӯ афзуд, ки корҳои сохтмонӣ то 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба охир хоҳанд расид.

“Бо саҳми соҳибкорӣ ватанӣ дар маркази ноҳияи Ҷайҳун бунёди гимназия барои 1 ҳазору 280 хонанда дар як баст бо маром идома дорад. Баъди мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо мардум, дар ҷамоати деҳоти Панҷ ва Қумсангир сохтмони ду кӯдакистон оғоз гардид. Муассисаҳои томактабӣ бо саҳми сокинон бунёд мешаванд ва баъди ифтитоҳи иншооти мавриди назар 250 кӯдак ба таълиму тарбия дар шароити хуб фаро гирифта хоҳанд шуд”-гуфт номбурда.

Умед Эшонзода мегӯяд, бо дастгирии ҳукумати кишвар, саҳми сокинону соҳибкорон ва шарикони рушд, корҳои сохтмони дар соҳаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун ба таври назаррас идома дорад. Бовар дорем, ки баъди ифтитоҳи иншооте, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ идома дорад, шароити таълиму тарбия боз ҳам беҳтар мегардад.

Машраби Аловидддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *