Идомаи моҷарои одамкушӣ дар Айнӣ

Тавре хабар дода мешавад, пас аз ҳашт моҳ бо дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Бурҳонов, гумонбари дигар дар марги Азизбек Раҷабов, ҷавони 18-сола аз деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст.
Азизбек Раҷабов, сокини деҳаи Ревади Поёни ин ноҳия, охири моҳи июли соли гузашта дар моҷарое бо гуруҳи ҷавонони ҳамдеҳааш ҳалок шуда буд.
Дар марги Азизбек, ки дар як занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон маҷрӯҳ шуда, дар бемористон ҷон дод, чаҳор ҷавони ҳамдеҳаи ӯ муттаҳам дониста мешуданд. Се нафари онҳоро боздошт карданд, аммо яке аз онҳо, тавре пайвандони Азизбек мегуфтанд, аз сабаби доштани хешони бонуфуз дар озодӣ буд.

Аммо тавре аз Пркуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 3-уми март гуфтаанд, Ҳабибулло Бурҳонов, ҷавони чаҳоруми дар ин ин моҷаро гумонбар низ бо талаби волидони Азизбек Раҷабов боздошт шуд.

Нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “авбошӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон, ки бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст” айб эълон кардаанд.

Дар сурати исбот шудани айб дар суд, ин банди Кодекси ҷиноятӣ то панҷ соли зиндон ва ё ҷарима аз 50 то 100 ҳазор сомониро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Азизбек мегӯянд, аз рӯзи рӯй додани ин фоҷеа 8 моҳ мегузарад ва бо вуҷуди исрори онҳо дар масъалаи боздошти Ҳабибулло Бурҳонов танҳо ҳоло ӯро дастгир карданд.

Бобохон Бобохонов, тағои Бурҳонов, ки ӯро яке аз наздикони боздоштшуда мегӯянд, гуфтааст, ки “гунаҳкории шахсро тафтишот ва суд маълум хоҳад кард”.Ӯ гуфтааст, ки агар гуноҳи ин ҷавон исбот шуд, “мувофиқи амалаш ҷазо гирад”.

Қаҳрамон Гулзодаро ҳомила карду кушт

Азизбек Раҷабов имсол ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон қабул шуда, рӯзи 31-уми июл ҳамроҳи чанде аз ҳамсолонаш ба Душанбе бояд сафар мекард. Ҳодисаи занозанӣ замоне рӯй додааст, ки ӯ дар интизори таксӣ барои сафар ба Душанбе будааст.

Тафсилоти куштори ронандаи “1111-таксӣ” дар Душанбе (видео)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *