Прокурори гуреза дастгир шуд

Прокуратураи генралии Тоҷикистон охири моҳи феврал нисбат ба ӯ бо гуноҳи “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” айб эълон карда буд.

Мақомоти масъул Сайфиддин Баҳриддинзода, корманди прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури Душанберо, ки пас аз айбдор шудан ба қаллобӣ фирор карда буд, боздошт кардаанд.
Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааснд, ки “Баҳриддинзода ду рӯз боз дар боздоштгоҳи муввақатии ШВКД-и ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад”.
Дар куҷо ва дар чӣ шароите боздошт шудааст, ҳоло дақиқ нест.
Прокуратураи генралии Тоҷикистон охири моҳи феврал нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” айб эълон карда буд.
Ӯ дар ҳашт ҳолат азҷабрдидаҳо маблағ ситонида будааст.
Сайфиддин Баҳриддинзода моҳи январ ёрдамчии прокурори ноҳия Шоҳмансур таъин шуд ва аз ин пеш дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсии Душанбе кор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *