Оча, дӯстат медорам! 10 калимаи пурмуҳаббат.

Агарчӣ ҳар рӯзи Худо барои мо Модар ҷашн дорад, вале 8-уми мартро, ки санаи махсус таъкид кардаанд, бе сухани хушу гулдаста ба назди модаронамон рафта наметавонем.

Чун имрӯз рӯзи махсус аст, мо хостем ҳар кадомамон алоҳида дар бораи модаронамон чизе нависем, аммо ба мо супориши дигар шуд: “Тамоми меҳру муҳаббат ва дӯстдориятонро нисбат модар дар ҳаҷми 10 калима навишта равон кунем”. Ин супориш аз он чизе, ки навиштан мехостем ҳам душвортар  ва ҳам зеботар буд. Душвор барои он ки чӣ гуна метавон бо 10 калима муҳаббататро ба фариштаи заминӣ иброз намуд? Зебо барои он ки агар ҳар яки мо алоҳида-алоҳида чанд саҳифагӣ ҳам менавиштем, ҷавҳари матлабамон аз ҳамин 10 калима иборат буд.

Идатон муборак, модарони азиз!

Ҷовидон Раҳмоналиев:

-Ададҳо барои ифодаи андозаи туро дӯст доштанам оҷизанд, Очаҷони ширринам!

Қурбоной Муқумова:

-Модарамро бо фариштагон муқоиса мекунам, Худованд бо ӯ муъҷизаҳо меофарад.

Аминҷон Раҳматзода:

-Аввалин ва охирин дӯсти ҷонии ман дар зиндагӣ модарам аст.

Ҳалима Шобекова:

-Модар ганҷи ягонаам, умеди  рӯзҳои ноумедиям, садоқату  муҳаббати лаҳзаҳои  танҳоиям.

Некқадам Раҳматов:

-Модар гавҳари ноёбест, ки Худованд ба ҳар кас арзонӣ намекунад.

Озода Мусоева:

-Модар матонат, зебоӣ, далерӣ, ҷасурӣ ва қуввату неруи ман аст.

Моҳизаи Нуралӣ:

-Очаи ман панҷ панҷаи пурсамар ва дар зиндагиям гавҳар аст.

Раҳимиён Аҳмадҷон:

-Ту қуввати дили мо ҳастӣ. Ман хоки поят мешавам модарам.

Шаҳрияи Мадгиё:

-Эй сабаби зистанам бо тамоми вуҷуд самимона дӯстатон дорам очаҷонам.

Шодмон Кенҷаев:

-Фурӯғе фурӯзонтар аз фарри хуршед. Ҷаҳоне фарогири тамоми орзуву умед…      

Каримзода Исроил:

-Модар фариштаест, ки Худованд баҳри мо ӯро ба замин овардааст.

Мунира Каримова:

-Болотар ва меҳрубонтар аз қалби модар дар дунё чизе нест.

Шукрулло Шарифӣ:

-Ишқи поки модар чашмаи пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Ғуломшоева Хоним:

-Чеҳраи гарм ва дили бузурги модар сафобахши зиндагии фарзанд аст.

Зарипов Ҷомӣ:

-Модар ту бузургӣ ва бо бузургият фарзандонро саропо муҳофизат мекунӣ.

Самандарзода Парвина:

-Модарам, ахтари дурахшони осмони ҳаётам, ҳамеша баҳри фарзандон тобанда бош.

Ҳоҷиев Азизхон:

-Модар неъмати бебаҳои Худододист, ки саршор аз меҳри бепоён аст.

Сарвинози Саидалӣ:

-Очаҷонам, ман худамро замоне хушбахтарин медонам, ки хандаҳои шуморо бинам.

Саёҳати Ҷумахон:

-Наздиктарин ва дӯстдоштатарин шахс дар зиндагиям ту ҳастӣ модарҷони азизам.

Гурӯҳи донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси

журналистикаи байналхалқии ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *