8 Март аз куҷо сар мешавад?

Пас аз эътирофи расмии он пас аз Инқилоби Октябри соли 1917, ин ид асосан дар кишварҳои сотсиалистӣ таҷлил карда мешуд.

Таърихи Рӯзи Байналмилалии занро баъди корпартоиҳои занони яҳудӣ аз солҳои 1908 то 1910 дар саноати бофандагии Ню-Йорк пайдо кардан мумкин аст. Дар оғози эътирозҳо, 23 феврал (8 марти) 1908, тақрибан 15000 занон, ки аксаран коргарони яҳудӣ дар саноати бофандагии Ню-Йорк буданд, тавассути Манҳеттен раҳпаймоӣ намуда,талаб карданд, ки шароити кор беҳтар карда шаванд.
Минбаъд коммунистзани олмонӣ Клара Цеткин соли 1910 дар Конфронси дуввуми байналмилалии занони сотсиалист, ки 27 август дар Копенгаген дар доираи Конгресси Ҳаштуми Интернационали II баргузор гардид, пешниҳод кард, ки рӯзи байналмилалии занон таъсис дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар ин рӯз занон митингҳо ва роҳпаймоӣ ташкил карда,диққати мардумро ба мушкилоти худ ҷалб мекунанд
Аз соли 1914 Рӯзи занон рӯзи якшанбеи 8 март ҳамзамон дар ҳашт кишвар: ИМА, Британияи Кабир, Австрия, Дания, Олмон, Нидерланд, Русия ва Швейтсария таҷлил мегардид. Соли 1921, бо қарори Конфронси 2-юми занони коммунистӣ, қарор карда шуд, ки Рӯзи байналмилалии занон 8 март ба хотираи иштироки занон дар намоиши Петроград дар 23 феврали (8 марти) 1917, ки яке аз намоишҳои инқилобии моҳи феврал буд ва дар натиҷа монархия сарнагун шуд таҷлил гардад. То соли 1917 аллакай занон дар Зеландияи Нав, Австралия, Финляндия, Норвегия, Дания, Исландия ҳуқуқҳои овоздиҳиро пурра ё қисман гирифта буданд.
Пас аз эътирофи расмии он пас аз Инқилоби Октябри соли 1917, ин ид асосан дар кишварҳои сотсиалистӣ таҷлил карда мешуд. Коммунистони Чин онро аз соли 1922 ва коммунистони Испания аз соли 1936 ҷашн мегиранд . Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 1 октябри соли 1949, 8 март расман иди занон эълон карда шуд, ки занони чинӣ дар он рӯзҳо кор намекунанд.
Аз соли 1975 инҷониб СММ дар робита ба Соли байналмилалии занон ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занон дар 8 март оғоз кард. Дар соли 1977, Ассамблеяи Генералии СММ давлатҳоро даъват намуд, ки мувофиқи анъана ва расму оинҳои худ ҳар сол 8 мартро ҳамчун Рӯзи мубориза барои ҳуқуқи занон ва Сулҳи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид қайд кунанд. Ин қарор ҳам дар робита ба Соли байналмилалии занон ва ҳам Даҳсолаи байналмилалии занон (1976-1985) гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон пас аз Истиқлолият 8 март чун “Рузи модар” ид карда шуда, рӯзи истироҳатӣ мебошад. ИДАТОР МУБОРАК, БОНУВОНИ АЗИЗ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *