Идораи вақф-пешниҳоди Саидмукаррам Абдулқодирзода
Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода пешниҳод кард, ки дар кишвар Идораи вақф таъсис дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин ниҳод метавонад корҳои хайриявии шаҳрвандонро танзим ва ҳамоҳанг созад.
Ин пешниҳод дар нишасти хабарии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим садо дод.
Саидмукаррам Абдулқодирзода таъкид намуд, ки дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ чунин ниҳодҳо фаъолият доранд ва таҷрибаи муваффақ нишон додаанд. Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки то Инқилоби сурх дар Тоҷикистон низ идораи вақф вуҷуд дошт.
Вақф амвол ё молу мулкест, ки шахс онро ба хотири корҳои хайр ба ҷамъият мебахшад. Идораи вақф метавонад масъули идора, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти амволи вақфӣ бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ