Нархи об ва хизматрасониҳои коммуналӣ боло рафт

Аз якуми январи соли ҷорӣ нархи об ва дигар хизматрасониҳои  коммуналӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Дар ин бора раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҷамшед Табарзода рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, тарифҳо барои аҳолӣ 15 дарсад ва барои корхонаҳо 30 дарсад боло бурда шудаанд. Ҳамин тариқ, арзиши як метри мукааб об барои аҳолӣ аз 1 сомонию 30 дирам ба 1 сомонию 50 дирам расидааст.

Инчунин, зикр шуд, ки барои сокиноне, ки дастгоҳи ҳисоби об надоранд, пардохти истифодаи об барои ҳар узви оила (аз 6-моҳа боло) ба ҳисоби миёна 8 сомонию 10 дирам дар як моҳ муайян шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *