Стратегияи рушди ДДМИТ то соли 2030 тасдиқ шуд

Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 таҳия ва тасдиқ гардид. Дар он афзалият ва самтҳои асосии рушди донишгоҳ барои давраи миёнамуҳлат муайян шудаанд.

Дар ин бора имрӯз, 2 феврал ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои ӯ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, мақоми 4-умро устувор нигоҳ доштааст.

Бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, донишгоҳ бо як қатор муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Айни ҳол дар самти робитаҳои байналмилалӣ 160 шартномаи ҳамкорӣ амал мекунад, ки аз ин 8 ададаш дар соли 2025 ба имзо расидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи 60 ихтисос мутахассисони соҳаи молия ва иқтисодро омода менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *