Ифтитоҳи аввалин майдончаи болопӯшида дар Қубодиён

Дар ноҳияи Қубодиён майдончаи хурди фудбол ифтитоҳ шуд. Барои сохтмони иншоот 300 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Иншооти мавриди назар дар ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзов аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.

Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки муосир ва дорои шароити хуб мебошад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин майдони хурди фудболи болопӯшида дар ноҳия будааст.

Ба истифода додани иншооти варзишӣ дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Қубодиён сурат гирифт. Имрӯз дар доираи ин сафари корӣ ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар назар аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *