Ифтитоҳи чанд дидбонгоҳ ва машқгоҳ дар марзи Афғонистон
24-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди истифода қарор доданд.

Ҳангоми шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд.

Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ