Имрӯз ҳавои бебориш дар назар аст

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18-23 ва   рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 12-17  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ ба ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  6-11  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона -2+3  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард  ва рӯзона  3-8  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 12-17 дараҷа сард  ва рӯзона    0-5  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш дар назар аст.  Ҳаво  шабона 3-5 дараҷа сард  ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *