Имрӯз барф меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф, дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ ба ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 1-6, инчунин то 9-11 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боридани борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона -2+3 ва то 4-6 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *