Имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 25-30  ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8  ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9, инчунин то 12- 14 дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -1+4 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар  назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то 10-12 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *