Имрӯз туман мефарояд

12 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

«Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад»,-хабар дод манбаъ.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *