«Имшаб»-и Мубориз Усмонов сертамошобинтарин барнома дар  Тоҷикистон

«Имшаб» барномаи фарҳангӣ- фароғатии «Шабакаи аввал» (ҳоло «Телевизиони Тоҷикистон») дар натиҷаи тамошои зиёд дар сомонаи ватании www.topvideo.tj сербинандатарин ва писандидатарин барномаи кули шабоики телевизионҳои Тоҷикистон дар ин сомона дониста шудааст.

 Бештари пурсишшудагон иқрор шудаанд, ки то замони ба вуҷудоии ин барнома ошиқи садои Мубориз тариқи радио буданд ва ҳамакнун, ки чеҳраи ӯро дидаанд ба хулосае омадаанд. ки « Ӯ вокеан ҳам ровии дӯстдоштанист».

 Ин ҳама дар ҳолест, ки аксарият «Телевизиони Тоҷикистон»-ро барои бештар будани мавқеи барномаҳои иттилоотӣ- сиёсияш хуш доранд.

 «Имшаб» аз сӯйи шабакаи интернетии «Топвиедо.тҷ» чун беҳтарин барномаи телевизионии сол эътироф гардида, бо сертификати ин шабака қадрдонӣ шудааст.

Тавре, ки муаллифи ин барнома- Мубориз Усмонов мегӯяд:

— «Ман аз ин дастовард хело шодам ва дар навбати аввал мехостам изҳори минаттдории худро ба рохбарияти Телевизиони Тоҷикистон расонам. Кайд кардан ба маврид аст ки «Телевизиони Тоҷикистон» чеҳраи Тоҷикистон аст. Аҷнабиён маҳз тавассути ҳамин шабака аксаран ба Тоҷикистон ва тоҷикон баҳо медиҳанд.Аз ин лиҳоз дар ин шабака барномаҳое пахш мегарданд, ки талаботи на танҳо бинандаи тоҷикро, балки бинандаи кулли форсизабонони дунёро қонеъ мегардонад. Барномаи «Имшаб» низ бо дарназардошти завқи тамошобинони дохилию бурунмарзӣ роҳандозӣ гардида, таҳия шудааст.

Дар ҳамин раванд ақидаҳое ҳастанд, ки «Имшаб»-и Мубориз коппишуда ё худ дуздидашудаи « Вечерный Ургант»-и Иван Ургант, ровии фаъоли «Шабакаи аввал»-и Русия аст. Аммо Мубориз Усмонов ба ин ақида комилан зид аст:

  — Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ин барномаро «дуздӣ» гӯяд, зеро кули шабакаҳои  ҷаҳои чунин барномаи шабонаро доранд. Агар ба таърихи ин барномаи шабона назар афканем, он таърихи беш аз 20-соларо дорад.

 Дар кули мамолики дунё чунин барномахои шабона ҳаст ва ҳамаи онҳо низ бо калимаи «Шаб» шурӯъ гардида, аксарияташон  чунин номгузори шудаанд: “Tonight Show”, “Шоу-и шабона бо Дэвид Леттерман”, “Имшаб бо Джимми Фэллон” ва гайра.

Фарқ фақат дар рафти барнома ва рубрикаҳои он аст. «Имшаб»-и ман низ аз «Имшаб»-и Ургант фарқ дорад. Чун рубрикаҳои ман дигар аст, аз ӯ дигар»

Дар охир Мубориз бо афсурдагӣ гуфт, ки «Ҷиҳати  манфии тамошобинон маҳз дар ҳамин аст, ки ҳатто аз чизи беҳтарин ҷиҳати бадиро мекобанд, дар ҳоле, ки мардуми дунё ҳамеша, ҳатто дар ҳоли ноҳак будан аз худ, аз фарҳанги худ, сарояндаю ровии хеш дифоъ мекунанд. Ман муроҷиат мекунам ба хар як фарди точик, биёед аз истехсоли ватании худ, хох ин барнома аст, хох ин лоихаи мусиқавӣ ё ягон истеҳсоли дигар ба ҷойи танқид,  дастгирӣ намуда, асосгузорони онро рӯҳбаланд созем, то дар оянда гомҳои устувор зананд. Агар мо дар ҳар як чиз нуқсон кобем, на шумо ва на мо муваффақ нахоҳем шуд.»

Фарангиси Фармон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *