Парванда алайҳи як тоҷик дар Ёқутистон дар Русия барои таблиғи ДИИШ

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Ёқутистони Русия ба гумони ҷалби одамон ба сафи «Давлти исломӣ» ё  Дииш боздошт шудааст.

Додгоҳи ин вилояти мухтор бар айлаҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон барои узвият ба гуруҳи ДИИШ ва таблиғи одамон ба сафи ин гуруҳи террористӣ парванда боз намудааст.

Бар асоси иттилои  догоҳи Вилояти Ёқутистон, ин шаҳрванди Тоҷикситон 21 сол син доштааст ва ӯ қаблан дар Сурия дар сафи «Давлати исломӣ» дар ҷангҳо ширкат доштааст. Ӯ дидаву дониста аз ҷангҳо баргашта, барои ҷалби афрод ба сафи ин гуруҳ ва ширкати дубора дар ҷанг кор мекардааст.

 Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ҷавони тоҷик бар асоси қисми якуми моддаи 205.1 (кумак ба фаъолиятҳои террористӣ) ва қисми сеюми моддаи 30 (қасди ҷиноят)–и Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст. Қонунгузории Русия барои кумак ба фаъолиятҳои террористӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон ҳамроҳ бо 500 ҳазор рубл ҷаримаро пешбинӣ кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.