Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи «Бозиҳои оянда-2026» дар Остона
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 29 июл дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026», ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар ин чорабинӣ инчунин сарони давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.



Тавре хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст, «Бозиҳои оянда» рамзи марҳилаи нави рушди варзиш буда, фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамиро бо ҳам муттаҳид мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа намояндагони пешсафи ҷомеаи инноватсионии варзишро гирди ҳам оварда, барои рушди варзиши рақамӣ дар кишварҳои иштирокчӣ меъёрҳои навро муайян хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ