7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?
Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард.
Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва Александра Кан (-57 кг) мебошанд. Сабаби ин қарор “вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудан”-и онҳо ба 3 давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаҷамъона зери роҳнамоии мураббиҳои нав аст.
Тамринҳои мазкур барои омодагии тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ – Бозиҳои Осиё дар Ҷопон ва Қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку пешбинӣ шуд буданд. Ҳамчунин, онҳо нисбат ба аъзои дастаи мунтахаб беҳурматӣ карда, нақшаи расмии омодагиро этироф накардаанд.
Дар қарори Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудо гуфта мешавад, ки бо вуҷуди чанд маротиба даъват аз паҳлавонон ва мураббиёнашон барои иштирок дар машқҳо, аз ҷониби онҳо ҳеҷ гуна ҷавоб ва аксуламал нишон дода нашуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ