Парвиз Акрамзода: Дар шаҳри Турсунзода нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд

Буҷети шаҳри Турсунзода бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102 фоиз иҷро гардид ва ба буҷет 227 миллиону 357 ҳазор сомонӣ ворид шуд.

Дар ин бора имрӯз, 29 июл Парвиз Акрамзода,  раиси шаҳри Турсунзода  иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба андозаи 93,9 фоиз ба маблағи 223,5 миллион сомонӣ иҷро гардида, 98,7 фоизи хароҷот барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона шудаанд.

Ба иттилои Парвиз Акрамзода, айни замон дар шаҳри Турсунзода 97 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.

“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1 миллиарду 158,8 миллион сомониро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,7 миллион ё 14,6 фоиз зиёд мебошад”,- изҳор дошт раиси шаҳри Турсунзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *